ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафедорак», ки ягона машқгоҳи варзишҳои зимистона ба ҳисоб меравад, бо арзиши 1 миллиону 920 ҳазор сомонӣ фурӯхта мешавад, иттилоъ доданд дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон ба хабарнигори Sputnik.
Пойгоҳи «Сафедорак» дар минтақаи Тагоби ноҳияи Варзоб ҷойгир буда, дар тавозуни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон қарор дорад. Солона ҳудуди 3 ҳазор нафар ба ин минтақа барои машқу истироҳат мераванд.
"Онҳое, ки хоҳиши ширкат дар музоядаро доранд, метавонанд то бегоҳии 7-уми декабри соли равон асноди заруриро ба Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ пешниҳод кунанд. Нархи ширкат дар музояда 350 нишондиҳанда, баробар ба 14 ҳазор сомонӣ мебошад",- афзуд сарчашмаи хабар.
Сабаби якбора ба фурӯш мондани ин маҷмааи давлатиро кормандони Кумитаи мазкур дар фарсуда ва кӯҳна гардидани технология он арзёбӣ карданд.
Ба қавли манбаъ, фақат барои таҷдиду бозсозии "Сафедорак" беш аз 14 миллион доллар сармоя лозим аст.