ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Тоҷикистон дар раддабандии кишварҳои хайркунанда ё некӯкори Бунёди бритониёии Charities Aid Foundation миёни ҳамсояҳояш дар Осиёи Марказӣ мақоми охиринро касб кардааст, менависад сомонаи расмии ин созмон.
Миёни 145 кишвари дунё, аз ҳама бештар сокинони Мянмар пул ва вақти худро барои кӯмак ба наздикон дареғ намедоранд. Аз ин рӯ, таҳиягарони ин раддабандӣ мақоми аввалро ба ин кишвар додаанд. Мақоми дуюм насиби ИМА шуда, Зеландияи нав дар зинаи 3-ум қарор гирифтааст.
Дар маҳдудаи пасошӯравӣ аз ҳама бештар сокинони Қирғизистон (18) эҳсонкориро дӯст медоштаанд.
Дар ин раддабандӣ Ӯзбакистон дар мақоми 27, Қазоқистон — 56 ва Туркманистон — 71, Тоҷикистон — 73, Эстония — 99, Белорус — 103, Гурҷистон — 112, Малдова — 120, Озарбойҷон — 122, Русия — 129, Арманистон — 138 ва Литва дар зинаи 142 мавқеъ гирифтаанд.
CAF (Charities Aid Foundation) ташкилоти ғайритиҷоратиест, ки соли 1924 дар Бритониё ба кор шурӯъ карда, ҳоло дафтарҳои намояндагӣ ва ҳамкориҳои ин созмон дар саросари олам фаъолият доранд.