Тавофуқи Ашқободу Кобул барои бунёди лӯлаи интиқоли газ

© Sputnik / Георгий ГранинЛӯлаи интиқоли газ. Акс аз бойгонӣ
Лӯлаи интиқоли газ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Маблағи умумии тарҳи мазкур 7,6 миллиард доллар буда, дар бунёди он ширкати “Туркменгаз” ва корхонаи “Туркменгазнефтстрой” ширкат хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 11 ноя — Sputnik. Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар бораи оғози бунёди хатти лӯлаи газе, ки маводи сӯхти Туркманистонро тавассути қаламрави Афғонистон ба Покистону Ҳиндустон мерасонад, ба тавофуқ расиданд.

Оғози бунёди хати интиқол (лӯла)-и гази Ҷануб. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Русия аз бунёди лӯлаи гази “Ҷануб” даст кашид

Раҳбарони ду кишвар ин мавзӯъро рӯзи гузашта дар як сӯҳбати телефонӣ баррасӣ карданд. Ашраф Ғанӣ даъвати Бердимуҳаммадов дар бораи ширкат дар маросими ифтитоҳи лӯлаи газ дар рӯзи 13 декабрро пазируфт ва ин тарҳро барои ҳама минтақа басо муҳим номид.

Дарозии  лӯлаи газ 1735 километр буда, тавассути он ҳамасола 33 миллиард метри мукааб гази Туркманистон аз тариқи хоки Афғонистон ба Покистон ва Ҳиндустон интиқол хоҳад ёфт.

Маблағи умумии тарҳ 7,6 миллиард доллар буда, дар бунёди он ширкати  "Туркменгаз" ва корхонаи "Туркменгазнефтстрой" ширкат хоҳанд кард.

Ба навиштаи расонаҳои, Афғонистон метавонад ҳамасола то 5 миллиард метри мукааб газро истифода бурда, аз транзити он ҳар сол тақрибан 400 миллион доллар фоида ба адст орад.  

Лентаи хабарҳо
0