Ба чашмони ин тифлакони масъум бепарвоёна назар афкандан имкон надорад. Дар умқи нигоҳи онҳо ғаму андӯҳ, хоҳиш, илтиҷо ва нотавониро метавон дид…
Ҳисоб шудааст, ки ҳар ду сония дар ҷаҳон як кӯдак ятим мешавад. Дар саросари дунё теъдоди онҳо ба 153 миллион расидааст.
Рӯзи байналмилалии кӯдакони бепарстор барои ҷалби таваҷҷӯҳи бештари одамон ба ин мушкил равона гардидааст.
Тибқи иттилои вазорати маориф ва илми Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир дар ҷумҳурӣ 46,2 ҳазор кӯдакони ятим ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин шумор 2 ҳазори онҳо на падар ва на модар доранд.
Барои фарзандхонӣ 1,7 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон навбат истода, тайи панҷ соли ахир дар кишвар 4 ҳазор кӯдаки ятим соҳиби оилаи нав гардидаанд.

1/12
© Sputnik / Амир Исаев
Мустафои чаҳорсола дар орзуи бозичаи "Лего" аст

2/12
© Sputnik / Амир Исаев
Сумая банаро дӯст медорад.

3/12
© Sputnik / Амир Исаев
Шукронаи 6-сола барои худашу лӯхтакҳо ва духтарони гурӯҳаш бандчаи лентагӣ мехоҳад.

4/12
© Sputnik / Амир Исаев
Фаридуни ҳафтсола орзуи сарбоз шуданро дорад.

5/12
© Sputnik / Амир Исаев
Раҳмия мегӯяд, Бобои барфӣ ҳар чӣ ки бидиҳад розӣ аст.

6/12
© Sputnik / Амир Исаев
Холид ба камера таваҷҷӯҳ кард, аммо дар бораи поездча фикр мекунад...

7/12
© Sputnik / Амир Исаев
Умари 6-сола орзуи ҳалабон шуданро дорад. Аз ин рӯ дар бораи ҳавопаймои кӯдакона фикр мекунад.

8/12
© Sputnik / Амир Исаев
Эҳсони шашсола мегӯяд, мошинча мехоҳам.

9/12
© Sputnik / Амир Исаев
Валиҷон низ мошинчаро дӯст медорад, аммо дар оянда муҳофиз шуданист.

10/12
© Sputnik / Амир Исаев
Абдураҳмони шашсола шоколадро дуст медоштааст.

11/12
© Sputnik / Амир Исаев
Руслан низ шоколад мехоҳад, аммо фақат аз Бобои барфӣ.

12/12
© Sputnik / Амир Исаев
Аммо Қадриддини шашсола ҳам бозича ва ҳам ширинӣ мехоҳад