БҶ тайи се сол ба Тоҷикистон $250 миллион ҷудо мекунад

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСирил Мюллер аснои мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон. 9 ноябри соли 2015
Сирил Мюллер аснои мулоқот бо  Эмомалӣ Раҳмон. 9 ноябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ татбиқи Стратегияи нави ҳамкории ин бонк бо кишварро баррасӣ кардаанд.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 9-уми ноябр ноиби сарвари Бонки Ҷаҳонӣ Сирил Мюллерро, ки бо нахустин сафари корӣ ба Тоҷикистон омадааст, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии сарвари давлат дар мулоқот аз ҷумла доир ба роҳҳои татбиқи босамари "Стратегияи нави ҳамкории Бонки Ҷаҳонӣ бо Тоҷикистон барои солҳои 2015-2018"-ро баррасӣ кардаанд, ки ҷудо намудани 250 миллион доллари амрикоиро асосан дар шакли грант дар назар дорад.

Долларҳои ИМА. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
БҶ ироаи $22 миллионро ба Тоҷикистон тасдиқ кард

Бояд гуфт, Сирил Мюллер чанде пеш ба ин вазифа таъин шудааст. Эмомалӣ Раҳмон ба ин муносибат ӯро табрик карда, гуфтааст: "Мо ба фаъолияти Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Тоҷикистон баҳои баланд медиҳем, зеро дастгирии онро дар самтҳои мухталифи рушд, пеш аз ҳама дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ, дастгирии буҷети давлатӣ, соҳаҳои иҷтимоӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок эҳсос менамоем".

"Мо аз мушкилоту эҳтиёҷоти Тоҷикистон, аз ҷумла хисороте, ки дар натиҷаи рух додани офатҳои табиӣ ба вуҷуд омад хуб огоҳӣ дорем ва Бонки умумиҷаҳонӣ омода аст, ки ҳамкории худро бо кишвари шумо тавсиа бахшад",- иброз доштааст дар навбати худ оқои Мюллер.

Дар нишаст ҳамчунин таваҷҷӯҳи асосӣ ба ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, грантҳо, кӯмакҳои техникӣ, ҳамкорӣ дар самти амалисозии лоиҳаҳои хурду бузург, нақлиёт, идораи давлатӣ ва сиёсати иқтисодӣ, обтаъминкунӣ, бахши хусусӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ равона карда шуд.

Торнамои расмии раисҷумҳур менависад, аснои мулоқот масоили марбут ба таҳияи лоиҳаҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ, ҷалби маблағҳои иловагӣ барои барқарорсозӣ ва соҳилбандии дарёҳои Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

"Раҳмону Мюллер дар бораи татбиқи лоиҳаи хатти барқии CASA-1000 ва дигар лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ низ суҳбат кардаанд",- меафзояд манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0