Боз 4 шаҳрванди ҶТ аз Ямани ҷангзада берун оварда шуданд

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкДар фурудгоҳи "Чкаловский"-и Русия шаҳрвандони ФР ва кишварҳои дигар аз ҳавопаймо берун мешаванд
Дар фурудгоҳи Чкаловский-и Русия шаҳрвандони ФР ва кишварҳои дигар аз ҳавопаймо берун мешаванд - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахустин гурӯҳи панҷнафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои русӣ Яманро тарк карда буданд, 3 апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргаштанд.

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Ду рӯз қабл боз чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон тариқи ҳавопаймои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Русия аз кишвари Яман берун оварда шуданд, иттилоъ медиҳад Сафорати ҶТ дар Маскав.

Ба қавли манбаъ, шаҳрвандони Тоҷикистон Даврон Аъзамов, Жанна Кудзиева, Ал-Бухари Ҳания ва Алан Битсоев, ки тайи солиёни зиёд дар ҷумҳурии  Яман кору зиндагӣ мекарданд, рӯзи 7 ноябр ба фурудгоҳи байналмилалии Домодедовои Маскав оварда шуданд.

ВУХ: аз Яман то имрӯз 130 тоҷикистонӣ берун оварда шудааст

"Дар фурудгоҳ барои шудани онҳо ба қаламрави Русия ба онҳо кормандони консулгарии Тоҷикистон мусоидат карда, Даврон Азимов тавассути хатсайри Маскав-Кӯлоб ба Тоҷикистон фиристода шуд ва Алан Битсоев ба шаҳри Перм рафт",- афуданд дар Сафорати ҶТ.

Дар ҳамин ҳол, Жанна Кудзиева ҳамроҳи духтараш дар меҳмонхонаи "Тоҷикистон" дар Маскав ҷой дода шудаанд ва рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон фиристода мешаванд.

Маврид ба ёдоварист, аз оғози даргириҳо дар ин кишвари арабӣ, то кунун наздик ба 200 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аксари онҳо табибон буданд, ба кишвар баргаштаанд. Ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ аз Яман бо шурӯъи амалиёти эътилофи ба раҳбарии Арабистони Саъудӣ алайҳи шӯришиёни ҳусӣ — мухолифони шиамазҳаби ҳукумати Яман оғоз ёфт.

Нахустин гурӯҳи панҷнафарии шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо ҳавопаймои русӣ Яманро тарк карда буданд, 3 апрели соли ҷорӣ ба Тоҷикистон баргаштанд. Пас аз он ҳавопаймоҳои вазорати ҳолатҳои изтирории Русия боз 70 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Санъо,  пойтахти Яман берун оварданд, ки миёни онҳо 14 кӯдак низ буд.

Лентаи хабарҳо
0