Asia Airways: Тоҷикистон наметавонад ҷавобгари суқути АН - 12 бошад

© AP / Jason PatinkinМакони суқути Ан-12 дар Судон
Макони суқути Ан-12 дар Судон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикистон бо такя ба шартномаи истифодабарии ҳавопаймои АН-12 мегӯяд, ки масъули суқут ширкати хоричӣ аст.

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Ҳарчанд ҳавопаймои дар Судон суқуткардаи АН-12 дар қайди ширкати хусусии Asia Airways-и Тоҷикистон буд, ҷавобгарии он ба дӯши ширкати хоричӣ аст.

АН-12 бо зиёда аз 40 мусофир 4-уми ноябр дар ҳудиди Судони Ҷанубӣ суқут кард.

Дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik намояндаи Asia Airways гуфт, ки АН-12 дар воқеъ дар қайди ин ширкати тоҷикистонист, аммо истифодабарандаи он тибқи шартномаи дуҷониба ширкати ҳавопаймоии Ala International LTD аст.

"Ширкати мазкур дар ҳудуди Амороти Муттаҳидаи Араб сабти ном шудааст ва мутобиқи шартнома масъулияти қобили парвоз будан ё набудани он маҳз бар дӯши ширкати истифодабаранда, яъне Ala International LTD аст", — таъкид дошт намояндаи Asia Airways.

Ба иттилои Раёсати ҳавопаймоии мулкии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, Ан-12, ки аслан барои боркашонӣ истифода мешуд, дар Тоҷикистон таҳти рамзи ICAO-EU қайд шуда буд. Мувофиқи қоидаи истифодабарии ин рамз, таҳқиқоти ҳодисаро кишваре анҷом медиҳад, ки дар ҳудуди он суқути ҳавопаймо рух додааст.

Лентаи хабарҳо
0