ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Мулоқоти раҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД), Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) рӯзи сешанбе дар шаҳри Маскав баргузор шуд, менависад бахши узбакии Sputnik.
"Дабири кулли СПАД Николай Бордюжа, котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев ва дабири кулли ШҲС Дмитрий Мезентсев масоили муҳимми марбут ба сиёсати байналмилалию таҳкими амниятро баррасӣ кардаанд", — навиштааст манбаъ.
Инчунин Раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ зимни гуфтушуниди ахири худ масоили марбут ба мубориза бо таҳдидҳои наву сиёсати муҳоҷиратро ҳам ба баҳс кашидаанд.
Ба узвияти СҲШ ба ҷуз Русия Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон ҳам шомиланд. Кишварҳои Беларус, Муғулистон, Ҳиндустон, Покистон ва Афғонистон ҳамчун узви нозири он ба шумор мераванд. Ибтидои аввали моҳи июни соли равон раванди воридшавии Ҳиндустон ва Покистон ба СҲШ оғоз гардид.