Ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ҷасади 144 мусофири ҳавопаймои "Airbus A321"-и ширкати "Когалимавиа", ки дар нимҷазираи Синои Миср суқут кард, ба шаҳри Санкт-Петербург интиқол дода шуд.
Раванди ташкили интиқол ва супоридани ҷасадҳои қурбониён ба наздиконашон дар манотиқи гуногуни Русияро Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бар зимма дорад.
"Дар атрофи пайвандон ва наздикони қурбониён равоншиносони Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ҳамеша ҳузур доранд ва кормандони ёрии таъҷилӣ ҳам ба афроде, ки ин мусибат ба сари эшон омадааст, кӯмак менамоянд", — гуфтааст иҷрокунандаи муваққати вазифаи сардори Маркази миллӣ барои мудирияти буҳронҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия.
Ҷасади қурбониён аввал барои ташхиси ба кормандони ташхиси тиббӣ-судӣ супурда мешаванд. Баъдан дар ин макон раванди шиносоии ҳувияти қурбониён оғоз хоҳад шуд.
Рӯзи 31 октябри соли равон ҳавопаймои Airbus-321 ширкати "Когалимавиа"-и Русия, ки мехост аз Шарм уш-Шайх ба шаҳри Санкт-Петербург парвоз кунад, дар қаламрави Миср суқут кард ва дар пайи ин ҳодиса 224 нафар, тамоми мусофирон ва ҳайати ҳавопаймо ҷон доданд. Амсоли ин ҳодисаро таърихи ширкатҳои ҳавопаймоии Русия ва Иттиҳоди шӯравӣ дар ёд надорад.