ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Бародарзодаи 4-солаи ронандаи "Хундай-Старекс" бародари 1-солаи худро дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи шанбеи гузашта пахш кардааст, менависад дафтари матбуоти ВКД.
Сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ автомошинаи "Хундай-Старекс"-ро дар назди манзили зисташ бидуни назорат мондааст.
"Баъдан ҷияни хурдсоли ӯ, писарбачаи 4-сола, ба дохили автомашина даромада, муҳаррики онро ба ҳаракат дароварда, бародари хурдсолаш, писарбачаи 1-соларо пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", — афзудааст манбаъ.
Дар натиҷаи як садамаи нақлиётии дигар ҳам дар ноҳияи Рӯдакӣ рӯзи шанбеи гузашта як марди 57-сола ба ҳалокат расидааст. Тибқи иттилои манбаъ, Ӯ зери чархи мошини "Лабо" мондааст.
Дафтари матбуоти ВКД афзудааст, ки пиёдагард дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар беморхона ҷон дод.