Сокинони зарардидаи Тоҷикистон аз селоб бояд то моҳи ноябр соҳиби хонавҳои нав мешуданд. Хабарнигори Sputnik озими минтақаи аз ҳама зиёд зарардида — деҳаи Бедак дар ноҳияи Рашт шуд, то бубинад, ки дастури раисҷумҳур то куҷо иҷро шудааст.
Бахтиёр тахтаи борику дарозеро арра мекард. Дар кунҷи хона ду тахтаи дигар барои бунёди ошхона дар дохили манзил нигаҳдорӣ мешуд.
Бахтиёр Тоиров соҳиби яке аз 46 хона дар ин деҳа мебошад, ки аз нав сохта шудааст. Хонаводаи ӯ аз шумули оилаҳое мебошад, ки дар пайи омадани сел дар моҳи июни соли равон манозили худро аз даст додаанд.
— Мо аз хаймаҳо ба хонаҳои нав 16 сентябри соли равон кӯч бастем, — мегӯяд, ӯ. — Ба мо тамоми шароитро фароҳам карданд, ҳатто сӯзанро ҳам. Шароитро барои мо ҳатто аз пештара дида хубтар муҳайё карданд. Он чизе, ки мо давоми 10-15 сол соҳиб шуда будему аз даст додем, дар давоми як рӯз нав карда, баргардонданд.
Аз хонаҳое, ки барои 46 сокини деҳаи Бедак бунёд кардаанд, метавон "манзилҳои ниёзи аввалия" ном бурд. Дар дохили ин хонаҳо танҳо ҳуҷра барои хоб ва ошхона сохта шуда, маконе барои таҳоратхона пешбинӣ нашудааст. Аз ин рӯ, биноҳои дигар, аз қабили ҳезумхонаву ошпазхона ва таҳоратхонаро сокинон бояд аз ҳисоби худ бисозанд.
"Раҳмат ба ҳукумат"
Барои сохмтони таҳоратхона ба сокиноне кӯмак карда мешавад, ки ба мисли хонаводаи Сироҷовҳо шароити бадтари иқтисодӣ доранд.
— Ҳоло он ҷо барои мо таҳоратхона месозанд, — ишора кард, Олимхуҷа Сироҷов ба куҳи сиёҳе, — барои мо ангишт ҳам оварданд, ки зимистон истифода барем.
Бар иловаи ин, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, хонаводаи онҳо дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ кӯмаки пулӣ ҳам гирифтааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар пайи омадани сел моҳи июни соли равон дар деҳаи Бедак 60 хона хароб шуда, як нафар ба ҳалокат расид.
Марҳум фарзанди 27-солаи Олимхуҷа Сироҷов мебошад, ки аз сабаби маъюби дараҷаи аввал будан натавонистааст, ҳангоми омадани сел аз хона берун равад. Он замон модараш барои кӯмак ба ин фарзанд ба тарафи хона мешитобад, ки аз ноҳияи пой лат мехӯрад ва ҳамин тариқ наметавонад, фарзандашро наҷот диҳад.
— Шояд амри тақдир буд, — бо андуҳ мегӯяд, падар.
Бо амри тақдир модари Олимхуҷа ҳам даргузаштааст… каме поинтар дар маҳаллаи навбунёде хонаи ӯ Озармо Назриева қомат афрохтааст. Ин модар ба ҳама азобу машаққати овардаи сел тоб оварда, ҳамагӣ баъд аз чаҳор рӯзи зиндагӣ дар манзили нав дар синни 88-солагӣ аз олам мегузарад.
— Раҳмат ба ҳукумат, ки камбуди моро эҳсос мекунаду кӯмак ва расидагӣ менамояд, — мегӯяд, ӯ.
"Агар президент хабар медошт, ҳаргиз ба аз ин ноадолатиҳо иҷоза намедод…"
Зане, ки поинтар аз хонаи Сироҷовҳо зиндагӣ мекунад, мегӯяд, дастгирию ғамхории ҳукумат на ба ҳама муяссар мешавад.
— Мо аз президент бисёр миннатдорем, ки моро дастгирӣ кард. Аммо мақомоти маҳаллӣ то охир моро дастгирӣ накарданд, — мегӯяд, Маълумбӣ Раҳимова, модари танҳо ва соҳиби ду фарзанд. — Ба ҳама таҳоратхона сохтанд, ба мо танҳо чуқуриро кандаву гуфтанд, боқиро худ созед, чун дар рӯйхат нестед. На семент медиҳанду на дару на тиреза. Дар ҳоле ки мо шароити бади иҷтимоӣ дорем.
Бо гуфтани "Мо" ин зан худ ва ҳамсари пешинашро дар назар дорад. Шавҳари Маълумбӣ баъд аз он ки аз ҳамсари аввалӣ фарзанд намеёбад, бо ӯ издивоҷ карда, соҳиби ду фарзанд — як писару як духтар мешавад. Вале тақдир ӯро ин бор ҳам аз ҳамсару зиндагӣ барои як умр ҷудо мекунад.
Ҳоло ин ду занро дар як хонаи 4 ҳуҷрагӣ бидуни ошпазхонаву ҳезумхона ва таҳоратхона ҷой додаанд.
— Ҳоло мо аз ҳисоби худу нафақаи падари пирам барои нигаҳдории ҳезум ва шинондани танӯр биное бунёд мекунем, — мегӯяд, ӯ. — Фикр мекунам, агар раисҷумҳур огаҳӣ медошт, ҳаргиз ба ин ноадолатиҳо иҷоза намедод. Моҳи сентябр сарвазир аз деҳаи мо боздид карду дид, ки дар кадом вазъ зиндагӣ дорем. Аммо ба ман иҷоза надоданд, бо ӯ вохурам!
Ин маҳаллаи наве, ки як километр болотар аз деҳаи селзадаи Бедак бунёд шудааст, сокинони маҳаллӣ "Шаҳраки нав" номгузорӣ кардаанд. Аммо расман ҳоло он номгузорӣ нашудаасту ҳама раисҷумҳурро интизоранд, ки қарор аст, моҳи ноябр аз ин минтақа боздид кунад.
Сокинон бар ин боваранд, ки номи ин маҳаллаи навро бояд танҳо раисҷумҳур гузорад, чун маҳз бо дастури ӯ дар муҳлати кутоҳ бунёд шудааст.
Бояд гуфт, ки ин маҳалла тавре раисҷумҳур дастур дода буд, то моҳи ноябр неву дар давоми 45 рӯз бунёд шудааст.