ДУШАНБЕ, 29 окт — Sputnik. Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносов Александра Иванова (Варвара Караулова), ки мехост, ба созмони террористии ДИИШ пайвандад, ба гуноҳи худ иқрор кардааст.
Барои қасди пайвастан ба созмони террористӣ духтарро то 10 соли зиндон интизор аст. Вале дар сурати ҳамкорияш бо тафтишот ҷазо кам карда мешавад.
"Ӯ ба муфаттишон баёнот дода, ба ҳамаи саволҳо посух мегӯяд ва ҳеч роҳи дигар ҳам надорад, ҷуз иқрори гуноҳаш. Тактикаи пешгирифтаи мо ҳам ин аст, ки бо тафтишот ҳамкорӣ кунад", гуфтааст, вакили мудофеъ.
Ин вакили мудофеъ мегӯяд, дар давоми се рӯзи оянда дар эътироз ба ҳабси пешакии зерҳимояаш шикоят хоҳад кард.
Ба гуфтаи Карабанов, ӯ дар мавриди ҳимояи ҳуқуқҳои ин донишҷӯдухтар бо падараш шартнома бастааст. "Ман тамоми аснодро ба муфаттишон пешниҳод кардам, то маро ба ин раванд ҳамроҳ кунанд. Тибқи қонун онҳо бояд давоми 10 рӯз ба ман посух гардонанд", афзуд, ӯ.
Қазияи фирор ва қасди талоши ин донишҷӯи рус барои пайвастан ба саффи ДИИШ яке аз мавзуъҳои доғ ба шумор рафта, бо вокунишҳои шадид рӯбарӯ шудааст.
Ин донишҷӯи Донишгоҳи давлатии ба номи М.В. Ломоносов рӯзи 27-май пинҳон аз волидайни худ аз хона баромада, ба Истамбул парвоз мекунад ва аз он ҷо ба волидайнаш паёмак навиштааст ва бо ҳамин иртибот бо ӯ қатъ гардид. Аммо 4 июн аз сӯйи сарҳадбонони Туркия дар наздикии марз бо Сурия дастгир шуда, дар қатори гуруҳи 14-нафарии шаҳрвандони Русия ҳамроҳ бо кормандони пулиси байналмилал ва Туркия ба Ватан истирдод шуд.
Ҳангоми бозгашт ба Ватан ӯ рухсатии академӣ гирифта, ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида ҳам нашуд.
Он замон намояндаи расмии Кумитаи тафтишотии Русия Владимир Маркин дар суҳбат бо РИА Новости гуфт, ин ниҳод дар амалкарди донишҷӯдухтар таркиби ҷиноятро намебинад.
Баъд аз чанд моҳи хомӯшӣ дар ин мавзуъ вакили хонаводаи ӯ Александр Карабанов дар суҳбат бо РИА Новости аз боздошти донишҷӯ дубора хабар дод.