ДУШАНБЕ, 29 октября — Sputnik. Дар шаҳри Маскав силсила ҳамоишҳои эътирозии якранг дар робита ба марги Умаралӣ Назаров, муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик, ки шоми 13 ба 14 октябр бо сабабҳои дар ҳоли ҳозир номаълум дар Санкт-Петербург ҷон дод, идома дорад.
Видео ва аксҳои ин ҳамоишҳо дар шабакаҳои ҷитимоӣ, аз ҷумла Facebook ба таври хеле фаъол мечарханд.
Ин муҳоҷири 5-моҳаи тоҷик баъд аз интиқол ба шуъбаи пулис аз модараш, ки ба иттиҳоми нақзи қавонини будубош дар қаламрави Русия боздошт шуда буд, тавассути кормандони Хадамоти федеролии муҳоҷирати ноҳияи Адмиралтейский ҷудо карда мешавад ва баъд аз якшабонарӯз ҷасади беҷони ӯ ба волидайнаш супорида шуд.
Яке аз корбарони фаъоли Фейсбук ва сокини шаҳри Маскав Наталя Иванова дар саҳифаи худ 40 аксеро гузоштааст, ки аз рафти таҷаммуъи сокинони маҳаллӣ хабар медиҳад. Тавре дар ин аксҳо дида мешавад, таҷамуъгарон аз ҳамватанони худ даъват мекунанд, дар робита ба марги муҳоҷири 5-моҳа бетараф набошанд.
Ба қавли хонум, Наталя Иванова, ин таҷаммуи инфиродии мусоламатомез рӯзи чаҳоршанбе дар назди бинои сафорати Тоҷикистон дар Маскав анҷом шудааст.
Дар баробари ин аксҳо дар саҳифаи расмии Ҳаракати сотсиалистии Русия дар Фейсбук навишта шудааст:
"Мо бовар дорем, ки марги ин кӯдаки ширхора ҳодисаи ногаҳонӣ нест. Он натиҷаи системаи нажодпарастие мебошад, ки миёни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зидди муҳоҷирон шакл гирифтааст. Мо таҳқиқи ҳамаҷонибаи ин қазия, гуманизатсияи қоидаҳои муҳоҷират ва ислоҳоти милитсия, аз ҷумла тоза кардани сохторҳои корҳои дохилӣ аз нажодпарасту бегонаситезонро талаб дорем".
Ин гуна таҷамуъҳои инфиродӣ инчунин дар ҷои анъанавии ҷамъшавии муҳоҷирон дар майдони "Сенное" сурат гирифтааст.
Ба назари сотсиалистон, танҳо ҳамбастагии шаҳрвандони Русия ва собиқ ҷамоҳири шӯравӣ зидди "бераҳмии пулис" метавонад, ба зӯроварие, ки қурбониёни аслии он қишри камбизоати тамоми миллатҳо мебошад, хотима бахшад.