Пулис хонандагонро ба мактаб роҳнамоӣ мекунад

Обуна шудан
Ҳамзамон, ҳамкории танготанги милисаҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар манотиқи наздимарзӣ ба роҳ монда шуда, пулисҳои тоҷик низ хонандагонро то мактаб ва аз мактаб роҳнамоӣ менамоянд.

Кормандони милиса хонандагони макотиберо, ки дар назди марзи Тоҷикистон мебошанд, то таълимгоҳ гусел мекунанд.

Ин тасмим ба хотири ҷилавгирӣ аз муноқишаҳои эҳтимолӣ дар навоҳии ҳаммарз аз сар гирифта шудааст, иттилоъ медиҳад Sputnik-и Қирғизистон.

Ба қавли масъулини мақомоти қудратӣ дар қаламрави деҳаи Таш-Тумшуқ мавзеъ ва манотиқи зиёде вуҷуд дорад, ки то ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст. Аз ин рӯ хонандагон барои ба мактаб рафтан аз масири рустои Тоҷикистон истифода мекунанд.

Нозири минтақавии милиса Эркин Борубаев мегӯяд, ҳар рӯз хонандагони макотиби миёнаро кормандони пулис бо навбат ба дабистон гусел менамоянд.

Ҳамзамон, ҳамкории танготанги милисаҳои Қирғизистону Тоҷикистон дар манотиқи наздимарзӣ ба роҳ монда шуда, пулисҳои тоҷик низ хонандагонро то мактаб ва аз мактаб роҳнамоӣ менамоянд.

Лентаи хабарҳо
0