ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Фармондеҳи Округи ҳарбии Марказӣ генерал-полковник Владимир Затруднитский барои тафтиши қисмҳои низомии пойгоҳи 201 ба Тоҷикистон омад.
"Генерал Заруднитский ҷузву томҳои марбути пойгоҳи низомии 201-уми Русяиро, ки дар Тоҷикистон мустақаранд, мавриди тафтиш қарор дода, ҷараёни умури сохтмониро зери назорат мегирад. Ҳамчунин, бо афсарону сарбозон ва аҳли оилаи онҳо мулоқот карда, вазъи омодабош ва омодагии техникаи низомиро ба давраи зимистон месанҷад",- иброз дошт ёвари фармондеҳи неруҳои ОНМ полковник Ярослав Рошупкин.
Вай афзуд, дар назар аст, ки дар Душанбе мулоқоти генерал Затруднитский бо роҳбарони воломақоми артиш ва Вазорати дифои ҶТ сурат пазирад.
Пойгоҳи низомии 201-уми ФР бузургтарин иншооти ҳарбии Русия дар хориҷ аз он кишвар маҳсуб меёбад. Ҷузву томҳои он дар шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Кӯлоби Тоҷикистон мустақар буда, бар пояи тавофуқномаи дуҷонибаи соли 2012 то соли 2042 дар қаламрави ҶТ ҳузур хоҳанд дошт.