Эътои ҷоизаи “Боргоҳи сухан” ба Эргашева ва Абдуллоев

© Sputnik / Амир ИсаевАсбобоҳои мусиқии миллӣ. Акс аз бойгонӣ
Асбобоҳои мусиқии миллӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Аз ҷониби мубтакирони “Боргоҳи сухан” ба соҳибҷоизаҳо нишони "Сухан" ва кӯмаки молӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik.  Ду ҳунарманди мардумӣ Аловуддин Абдуллоев ва Мастона Эргашева барандаи ҷоизаи "Сухан" дар соли 2015 эълон шуданд.

Ин ҷоиза аз сӯи Бӯрӣ Каримов, сиёсатшинос ва дӯстдори илму фарҳанг ташкил шуда, ба ҳунармандону аҳли зиёи тоҷик тақдим мешавад.

Ба қавли мубтакирони ин тарҳи фарҳангӣ, ҳунармандон ба хотири беолоиш нигоҳ доштан ва равнақ бахшидани забони ноби тоҷикӣ тавассути ҳунару сурудҳои хеш ба ин ҷоиза сазовор гаштаанд.

Зимнан, ба соҳибҷоизаҳо нишони "Сухан" ва кӯмаки молӣ дар ҳаҷми 1000 доллари ИМА супорида шуд.

Мастона Эргашева, ки дар рӯзи эътои ҷоиза ба синни 63 расид, аз шумори камтарин бонуҳоест, ки ним аср пеш тор ба даст гирифтаву рӯи саҳнаи ҳунари тоҷик омадааст. Соли 1978 шомили дастаи шашмақомхонони назди Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон шуд.

Бону Эргашева баъди 25 соли фаъолият дар дастаи ҳунарии Кумитаи ТВ ва радио ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ба сифати устод омад ва то кунун дар он ҷо ба шогирдон дарси мусиқӣ мегӯяд.

Ӯ барандаи унвонҳои ҳунарманди мардумӣ ва ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон низ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0