ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Санҷишҳои аввалия нахустин ҳолати марги инсон аз вабо дар Сурияро тасдиқ карданд, — гуфтааст, котиби матбуоти Созмони ҷаҳонии беҳдошт Кристиан Линдмайер дар нишасти хабарӣ.
Созмони ҷаҳонии беҳдошт иттилоъ дар мавриди эҳтимоли вуҷуди вабо дар Сурияро дастрас кард. Ин ҳолат марбут ба кӯдаки 5-сола мебошад, ки бар асари вабо ҷон додааст.
"Санҷишҳои аввалия, ки 100% дуруст будани он кафолат дода намешавад, вуҷуди ин гуна вирусро нишон дод. Вале ҳоло бояд амиқтар таҳқиқ кард. Ин ҳолат дар шаҳри Ҳалб, воқеъ дар шимоли Сурия ба қайд гирифта шудааст", — афзудааст, ӯ.
Линдмайер илова кардааст, ки дар ҳоли ҳозир мутахассисони соҳа дар Ҳалб таҳқиқи омилҳои гирифтории ин бемориро шуруъ кардаанд.