Афзоиши шумори қурбониёни заминларза дар Афғонистон ва Покистон

CC BY 2.0 / Ray Bouknight / SeismographСейсмограф. акс аз бойгонӣ
Сейсмограф. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ин заминларза Покистон, Ҳиндустон, Непал, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Узбакистон ва Қазоқистонро ҳам такон додааст.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Заминларзаи 7,5 балӣ дар Афғонистон боиси ҳалокати дасти кам 5 нафар гардида, 55 тани дигар ҳам захм бардоштаанд, хабар медиҳад РИА Новости бо истинод ба хабаргузории Рейтер.

Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки дар вилояти Бағлони Афғонистон дар пайи ин заминларза 5 кӯдак маҷруҳ шудаанд.

Ин заминларза Покистон, Ҳиндустон, Непал, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро ҳам такон додааст.

Расонаҳои Покистон инчунин аз ҳалокати 13 нафар ва захмии 300 тани дигар хабар дода буданд.

Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза дар қаламрави кишвар ҳам соатҳои 14:09-и зуҳри 26 октябр ба қайд гирифта шуда, иқтидори он то 7 бал гуфта мешавад. Дар шаҳри Душанбе шиддатнокии он 5-6 балро ташкил медиҳад.

Дар ҳоли ҳозир ҳанӯз иттилое дар мавриди талафоти ҷонию молӣ дар пайи ин заминларза рӯи даст нест.

Лентаи хабарҳо
0