Душанбе, 26 окт — Sputnik. Ҳиндӯстон барои кӯмаки осебдидагон аз заминларзаи ахир дар Афғонистон ва Покистон омода мебошад, гуфтааст, нахуствазири ин кишвар Нарендра Модӣ.
"Аз вуқӯъи заминларзаи шадид дар навоҳии Покистону Афғонистон ва як қисмати Ҳиндустон хабар ёфтам. Ҳоло барои муайян кардани вазъ дастур додаам ва мо инчунин омодаем, дар сурати лозимӣ ба осебдидагони ин заминларза дар Афғонистон ва Покистон ҳам кӯмак кунем", — навиштааст, ҷаноби Модӣ дар саҳифаи Твиттери худ.
Заминларзаи 7,5 балӣ Афғонистонро баъд аз зуҳри имрӯз такон дод. Дар пайи ин заминҷунбӣ дасти кам 4 нафар дар Покистон ба ҳалокат расидааст.
Ин заминларза Покистон, Ҳиндустон, Непал, Тоҷикистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Қазоқистонро ҳам такон додааст.
Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларза дар қаламрави кишвар ҳам соатҳои 14:09-и зуҳри 26 октябр ба қайд гирифта шуда, иқтидори он то 7 бал гуфта мешавад. Дар шаҳри Душанбе шиддатнокии он 5-6-ро ташкил медиҳад.
Дар ҳоли ҳозир ҳанӯз иттилое дар мавриди талафоти ҷонию молӣ дар пайи ин заминларза рӯи даст нест.