Дар Қирғизистон барои маҳбусони якумрӣ зиндон бунёд мекунанд

© Sputnik / Алексей КуденкоКорманди зиндон. Акс аз бойгонӣ
Корманди зиндон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Сохтмони ин бинои дорои низоми махсус соли 2007 дар асоси муассисаи ислоҳии рақами 19 дар деҳаи Жани-Жери ноҳияи Сокулукскийи вилояти Чуйи Қирғизистон оғоз шуда буд.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Дар Қирғизистон сохтмони нахустин бинои дорои низоми махсус барои нигаҳдории маҳбусони якумрӣ ба поён расид, хабар медиҳад Sputnik-и Қирғизистон аз нишасти хабарии Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Вазорати адлияи ин кишвар.

Сохтмони ин бинои дорои низоми махсус соли 2007 дар асоси муассисаи ислоҳии рақами 19 дар деҳаи Жани-Жери ноҳияи Сокулукскийи вилояти Чуйи Қирғизистон оғоз шуда буд.

Амалиёти кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон - Sputnik Тоҷикистон
Отамбоев хост, фирориёни СИЗО-50 ҳар чи зудтар боздошт шаванд

"Ба муассисаи ислоҳии №9 дар рӯзҳои наздик 100 маҳбуси маҳкумшуда ба абад интиқол дода мешавад, ки дар як утоқ аз 2 то 4 нафарӣ нигаҳдорӣ мешаванд"- иброз доштанд масъулини Хадамоти давлатии иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Қирғизистон.

Тибқи иттилои манбаъ, дар бинои кунунӣ корҳои таъмиру бозсозӣ сурат гирифта, маҳбусоне, ки барои як умр пушти панҷара нарафтаанд, ба дигар зиндонҳо бурда мешавад.

Муҷаҳҳаз гардонии муассисаи ислоҳии №19 бо дастгириии Салиби сурхи байналмилалӣ сурат мегирад.

Бар иловаи ин, дар чаҳор зиндони Қирғизистон утоқҳои вижа барои нигаҳдории алоҳидаи маҳбусоне, ки ба иттиҳоми ифротгароии динӣ равонаи зиндон шудаанд, бунёд карда хоҳад шуд.

Тибқи талаботи моддаи 99 Кодекси ҷиноии Қирғизистон афроде, ки барои як умр аз озодӣ маҳрум мешаванд, бояд дар муассисаҳои дорои низоми махсус нигаҳдорӣ шаванд.

Зиндониён дар муассисаҳои ислоҳӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Ваколатдори ҳуқуқи инсон: фавти 80 зиндонӣ дар маҳбасҳои ҶТ

Вале ба далели набуди чунин макон то кунун ин навъи маҳбусон дар утоқҳои боздоштгоҳҳои муваққат ё СИЗО ва дигар муассисаҳои ислоҳӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки хилофи қонунгузорӣ ва созишномаҳои байналмилалӣ аст.

Дар Тоҷикистон ҳам ин мушкил ба чашм мерасад. Соли 2004 дар пайи як тағйирот дар қонунгузории кишвар ҳукми қатл ба ҳукми абад тағйир дода шуд. Вале то ҳол барои нигаҳдории ин навъи зиндониён шароити лозимии нигаҳдорӣ фароҳам нашудааст.

Тибқи қонунгузории ҷории кишвар, маҳбусони якумрӣ ду нафарӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар сурати вайрон кардани қоидае онҳоро тавассути нигаҳдорӣ дар утоқҳои яккаса муҷозот менамоянд.

Мақомоти Тоҷикистон аз ифшои шумораи дақиқи маҳбусони ба ҳукми абад равонаи зиндон шуда худдорӣ мекунанд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, миёни маҳбусони Тоҷикистон нафароне ба ҳукми абад равонаи зиндон шудаанд, ки дар ҳаводиси солҳои 90-ум даст доранд ё баъд аз имзои созишномаи сулҳ даст ба ҷиноят задаанд. Аз зумраи онҳо собиқ генерал Ғаффор Мирзоев, ки тули чандин сол Гвардияи миллии назди президентро раҳбарӣ мекард ва Суҳроб Лангариев, бародари хурдии яке аз қумандонҳи маъруфи Фронти Халқӣ мебошанд.

Тибқи қонунҳои амалкунандаи Тоҷикистон шахсоне барои як умр бояд аз озодӣ маҳрум шаванд, ки ба ҷинояти махсусан хатарнок, аз ҷумла кӯшиши сарнагунии қудрат, куштори ваҳшиёна ва терроризм даст задаанд.

 

Лентаи хабарҳо
0