Куштори марди 53-сола дар Панҷакент

Обуна шудан
Аммо қотил дар озодӣ зиёд намонд, ӯ аз ҷониби кормандони мақомот пас аз баргузории як амалиёти вижа дастгир гардидааст.

ДУШАНБЕ, 26 окт — Sputnik. Рӯзи шанбеи гузашта аз чойхонаи деҳаи Панҷрӯд  ҷасади беҷони як мард дарёфт гардид, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии ВКД.

"Соати 08:00 дақиқаи рӯзи 24-уми октябр аз дохили бинои чойхонаи деҳаи Панҷруди шаҳри Панҷакент, ҷасади марди 53-солаи сокини ҳамин шаҳр, бо аломатҳои марги маҷбурӣ дарёфт карда шуд",- меафзояд манбаъ.

Аснои баргузории амалиёти  оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҳамчун гумонбар дар ҷиноятӣ куштор дастгир гардид. Муайян карда шуд, ки номбурда ҷиноятро дар ҳолати мастӣ ва муноқишаи ба миён омада, содир намудааст.

"Далели шайъӣ- корд низ гирифта шудааст",- илова мекунад сарчашма.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0