ДУШАНБЕ, 23 окт — Sputnik. Рӯзи гузаштаи панҷшанбе чаҳор бозии даври 20-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуд.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи кишвар, аз чаҳор бозии даври 20-уми мусобиқаи лигаи аввали футболи Тоҷикистон дутоаш бо пирӯзии мизбонон ва дутоаш бо натиҷаи мусовӣ анҷом ёфт.
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор ба сабаби хориҷ кардани варзишгоҳаш бозии хонагиашро муқобили "Чашма"-и Шаҳритус дар майдони бетараф — Варзишгоҳи марказии Душанбе анҷом дод. Бозӣ бо ғалабаи "Ҳосилот" бо ҳисоби бузурги 5:0 ба охир расид.
Ин пирӯзӣ мавқеи "Ҳосилот"-ро дар садри ҷадвали мусобиқа устувор намуд. Футболбозони Фархор дар 18 бозӣ 41 имтиёз ба даст овардаанд.
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ, ки бозиро дар меҳмонӣ бо «Канд»-и Конибодом бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод, бо 39 имтиёз дар зинаи дуввум қарор дорад. "Ҳулбук" нисбат ба рақиби аслиаш — "Ҳосилот" як бозӣ зиёдтар кардааст.
Инчунин, бозии «Локомотив»-и Душанбе ва «Зарафшон»-и Панҷакент бо ҳисоби мусовии 2:2 ба охир расид. Дар бозии дигари даври 20-ум «Саройкамар»-и Панҷ дастаи меҳмон — «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.