ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Кормандони пулиси шаҳри Маскав зимни як амалиёти муштарак бо Дастаи таъйиноти махсус ё "ОМОН" дар маҳалли сохтмоне дар кӯчаи Заречний наздик ба 500 муҳоҷири кориро боздошт кардаанд.
Дар ин бора раҳбари хадамоти матбуоти Сарраёсати корҳои дохилии Маскав Андрей Галиакберов хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, ин боздошти дастаҷамъии муҳоҷирон дар пайи таҳқиқи як қатор ҳамлаҳо ба занон сурат гирифтааст.
"Имрӯз наздикии соатҳои 16:00 кормандони пулис тамоми роҳҳои баромаду даромади маҳалли сохтмонеро дар кучаи Заречний, воқеъ дар ғарби Маскав бастаа, дар натиҷа наздик ба 500 нафар кормандони ин сохтмон аз кишварҳои наздики ҳамсояро боздошт карданд", — афзудааст, Галиакберов.
Тамоми боздоштшудаҳо ба Шуъбаи корҳои дохилӣ интиқол дода мешаванд ва то куҷо даст доштани онҳо дар ин ҳамлаҳо мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Инчунин, кормандони пулис дар доираи қонун ҳузур ва кор кардани онҳо дар қаламрави Русияро ҳам таҳқиқ мекунанд.