Навори ронандагии Раҳмон дар роҳи нави Айнӣ - Панҷакент

Обуна шудан

Дафтари матбуоти раёсатҷумҳури Тоҷикистон навори видеоӣ аз ронандагии Эмомалӣ Раҳмон зимни сафараш ба шимоли кишварро дар саҳифаи Ютуб ҷой кард. Дар ин навор дида мешавад, чи гуна раисҷумҳури Тоҷикистон дар роҳи нави Айнӣ — Панҷакент худ пушти фармон нишаста, аз болои пулҳои тозабунёд мегузарад.

Қаблан манбаъ хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба хотири шинос шудан бо вазъи роҳҳои мошингард дар шимоли кишвар бо роҳи заминӣ ба вилояти Суғд сафар карда, аз ҳолати роҳҳои ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Варзоб, Айнӣ, Панҷакент, Шаҳристон, Истаравшан, Ғончӣ, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Чкаловск, Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Қайроқум бевосита ошно шудааст.

"Аз ҷумла, дар як қитъаи роҳи мошингарди навбунёди Айнӣ-Панҷакент президент шахсан пушти чамбари мошин нишаста, сифати ин роҳро аз назар гузаронида, ба самараи кори роҳсозони тоҷику чинӣ баҳои баланд дод", — навишта буд, дафтари матбуоти раёсатҷумҳур.

 

Лентаи хабарҳо
0