Раҳмон: аз вилояти Суғд 213 “ифротгаро” дар кофтукоб қарор доранд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСуханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар Хуҷанд. 21 октябри соли 2015
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри Арбоб дар Хуҷанд. 21 октябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳур таъкид кард, ки суботу оромии ҷомеа, пеш аз ҳама, ба муносибати ҳар яки мо алоқаманд аст ва мо набояд ба масъалаҳои вобаста ба ҳифзи манфиатҳои давлату миллат бетарафӣ зоҳир намоем.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Президент Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд гуфт, 213 нафар сокинони шимоли кишвар, ки ба узвият дар ҳизбу ҳаракат ва равияҳои экстремистӣ, ширкат дар  муқовиматҳои мусаллаҳона дар Сурия муттаҳам мешаванд, дар кофтуков қарор доранд.

Хадамоти матбуотии раисҷумҳур аз қавли сарвари давлат менависад, барои мубориза ва пешгирӣ аз пайвастани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои онҳо корҳои зиёд анҷом дода шудаанд.

"Дар ин раванд 342 нафар аъзои ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динии характери экстремистидошта, ки дар ҳайати гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ бо мақсади барангехтани кинаву адовати милливу нажодӣ, динӣ, даъвати оммавӣ ҷиҳати бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ва амалҳои дигари барои давлату миллат хатаровар фаъолият доштанд, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд",- афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ифтитоҳи хатти интиқоли барқ ва мулоқоти Раҳмон бо шоликорон

Ба гуфтаи раисҷумҳур, айни замон 169 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо аҳли оилаи худ дар урдугоҳҳои махсуси давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла дар Сурия, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон қарор доранд.

Президент илова кард, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарону масъулони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, фаъолони ҷомеа ва ҳар як фарди ватандӯсти кишвар вазифадоранд, ки ҷиҳати пешгирӣ кардани ҷалби сокинон, хусусан наврасону ҷавонон ба сафи ҳаракату гурӯҳҳои тундгарову экстремистӣ, инчунин дар самти баргардонидани ҳамватанон аз кишварҳое, ки дар онҳо задухӯрдҳои мусаллаҳона ва низоъҳои диниву мазҳабӣ ҷараён доранд, саҳми худро дареғ надоранд.

Тибқи маълумоти мақомоти қудратӣ ва амниятии Тоҷикистон айни замон беш аз 500 нафар шаҳрвандони кишвар дар ҷангҳои Ховари Миёна, аз ҷумла Сурияву Ироқ аз ҷониби гурӯҳҳои "ДИ" вориди ҷанг шудаанд.   

Лентаи хабарҳо
0