Сабқати ҷумҳуриявии футболи занона имрӯз оғоз мегардад

© Sputnik / Амир ИсаевБозии футбол миёни бонувон: тимҳои "Ласточка" ва "Регар-ТадАз". Акс аз бойгонӣ
Бозии футбол миёни бонувон: тимҳои Ласточка ва Регар-ТадАз. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бар асоси низомномаи мусобиқот ҳар бозӣ 60 дақиқа идома мекунад.

ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Қайроқуми вилояти Суғд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи занона шурӯъ мегардад, иттилоъ медиҳанд масълини Федератсияи футболи Тоҷикистон.

"Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи занона аз 22 то 25 октябр дар шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд бо ширкати ҳашт даста барпо мегардад",- меафзояд манбаъ.

Бар асоси қуръакашӣ ба гурӯҳи «А» чаҳор даста аз Душанбе, Мастчоҳ, Спитамен ва Ҷиликӯл ва ба гурӯҳи «В» низ чаҳор тим аз Хуҷанд, Норак, Турсунзода ва Зафаробод шомил гардидаанд.

Сабқати марҳилаи пешакии  мусобиқа дар гурӯҳҳо аз рӯи низоми як даврӣ доир мешавад. Ғолибони гурӯҳҳо ба бозии ниҳоӣ роҳ меёбанд. Дастаҳое,ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дувумро мегиранд, барои ҷойи севум талош хоҳанд кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқот ҳар бозӣ 60 дақиқа идома мекунад.

Имрӯз дастаи футболи Хуҷанд боЗ афаробод, тими Мастчоҳ бо Спитамен, бошгоҳи Норак бо Турсунзода ва дастаи Душанбе бо Ҷиликӯл вориди рақобат мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0