"Шамоил ин намоиши ҳамоҳангӣ миёни санъати тасвирӣ ва хушнависӣ — сухан ва тасвир аст. Он як навъи намоди имон ҳисобида мешуд, ки ҳамзамон дорои вазифаи нигаҳдорию омӯзишӣ ҳам буд", — мегӯяд, Президенти Фонди дастгирӣ ва рушди барномаҳои илмӣ-фарҳангии ба номи Шаҳобуддин Марҷонии шаҳри Маскав Рустам Сулаймонов.
Шамоил намуди махсуси санъати тасвирӣ буда, он асри Х1Х дар замони ислоҳотхоҳӣ дар ҷаҳони ислом пайдо шуда, дар байни тоторҳои Поволжеи Миёна паҳн шудааст. Шамоилҳо аз рӯи усули тасвир дар рӯи шиша, китобҳои дастнавис ва чопи сангӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.
Анъанаҳои ин намуди санъат солҳои 1950 аз нав эҳё гардида, дар офаридаҳои зиёди мусаввирони муосири тотор мавҷуданд.
Шамоил аз забони арабӣ ба маънои "кайфияти зотӣ, хусусият ва каромат" тарҷума мешавад.
Ин намоишгоҳ бо дастгириии сафорати Русия дар Тоҷикистон ва намояндагии "Россотрудничества" баргузор гардид.
Дар маърази тамошо наздик ба 50 намунаи шамоилӣ гузошта шуд, ки онҳо нишонаҳои асри ХХ мебошанд ва дар хазинаи Фонди дастгирӣ ва рушди барномаҳои илмӣ-фарҳангии ба номи Шаҳобуддин Марҷонии шаҳри Маскав намоиш дода шудаанд.