Спаниел ва овчаркаҳо ҷустуҷӯи маводи мухаддирро меомӯзанд

Обуна шудан
Барои пайдо кардани маводи мухаддир бештар сагҳои англисии кокер спаниел, овчаркаи олмонӣ ва белгӣ мувофиқанд. Ин корро ба онҳо дар Хадамоти кинологии Агентии назорати маводи нашъаовар меомӯзонанд. Сагҳоро тавассути тӯбчаи одӣ таълим медиҳанду маводи мухаддир бошад ҳамчун предмети ассотсиативии бӯй барои ҳайвон мебошад.

Ба гуфтаи раҳбари Хадамоти кинологӣ Музаффар Мирзоев, аз ҳама муҳим бозӣ бо тӯбча аст, ки саг бояд онро пайдо кунад.

"Моҳияти ин усул дар он аст, ки мо баъзан дар наздикии тӯбча маводи мухаддиро ҳам мегузорем ва сагҳо фикр мекунанд, ки ҳар ҷое ин бӯй ба машомашон расад, тӯб ҳамонҷо мебошад ва ҳамин тавр онҳо маводи мухаддирро пайдо мекунанд. Мо қаҳрамонҳое дорем, ки то 100-200 кило маводи мухаддир пайдо кардаанд", — мегӯяд, ӯ."

Дар Хадамоти кинологӣ кормандони тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус онҳое, ки дар марз бо Афғонистон ифои вазифа менамоянд, омӯзиш мегиранд.

Яке аз онҳо Файзиддин Одинаев мебошад. Дар Хадамоти кинологӣ ба ӯ спаниелаи зардинамӯйи Тэоро туҳфа кардаанд, ки ҳамроҳ бо он барои адои хидмат ба Панҷи поён сафарбар хоҳад шуд.

На ҳамаи сагҳо ба саффи ҷӯяндаҳои маводи мухаддир роҳ меёбанд. Пеш аз ҳама онҳо аз санҷиши муайян кардани фаъолияти дараҷаи олии асаб мегузаранд. Аз уҳдаи ин кор сагҳои навъи "флегматик" ва "меланхолик" намебароянд. Аслан ҷустуҷӯи маводи мухаддир кори сагҳои "сангвиник" ва "холерик" мебошад.

Лентаи хабарҳо
0