ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Муфаттишон аз додраси Додгоҳи Лефортовскийи Маскав ҳабси ду муттаҳам дар терроризмро хостор шудаанд, гуфтааст, котиби матбуоти ин додгоҳ Юлия Скотникова.
"Ҳайати тафтишотӣ аз додгоҳ хостааст, ду нафари муттаҳам бар асоси моддаи 205-и Кодекси ҷиноии Русия (терроризм) ба ҳабс гирифта шаванд", — изҳор доштааст, Скотникова. Аммо аз ироаи ҷузъиёти бештари айбҳои эълоншуда алайҳи боздоштшудагон худдорӣ кардааст.
Барои ба ҳасб гирифтани афроди дигар дар доираи ин парванда аз додгоҳ дархост хоҳад шуд ё не, ҳанӯз маълум нест.
Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ тамоми афроди боздоштшуда шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки 6 тани онҳо дар ташкили гуруҳи террористӣ ва 14 нафар дар ҳамкорӣ бо созмони террористӣ айбдоранд.
Онҳо ба саффи ҳаракати мамнуи "Ҳизб ут-Таҳрир", ки қасди таъсиси хилофат дар Русияро дорад, гӯиё шомил шуда, бо ҷалби аъзои нав ва ҷамъоварии маблағу паҳни афкори ифротӣ будаанд.
Кормандони пулис ҳангоми бозҷӯӣ аз онҳо компютерҳо, адабиёт, варақаҳо ва телефонҳои мобилиеро мусодира кардаанд, ки дар онҳо маводҳои экстремистӣ вуҷуд доштааст.