Ҷилавгирӣ аз хароҷотҳои беасос дар макотиб тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ

© Sputnik / Маша Росс / Гузариш ба медиабонкНаврас бо либоси мактабӣ. Акс аз бойгонӣ
Наврас бо либоси мактабӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Волидайни донишомӯзон аз ин ба баъд метавонанд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз пулҷамъкуниҳои беасос дар макотиби миёнаи Қирғизистон хабар диҳанд.

ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Вазири маориф ва илми Қирғизистон Элвира Сариева тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба волидайни донишомӯзон муроҷиат карда, хостаст, аз мушкилиҳои худу пулҷамъкуниҳои беасос ӯро огаҳ кунанд.

"Падару модарони муҳтарами донишомӯзон, агар Шумо ба ҳисоби мактабҳое, ки дар онҳо фарзандонатон ба таҳсил машғуланд, маблағи иловагие месупоред, бо навиштани шарҳ ё паёмак ба мо хабар диҳед", — навиштааст, Сариева.

Вазири маориф ва илми Қирғизистон хоҳиш кардааст, ба ӯ фаҳмонанд, ки ҷамъоварии беасоси маблағҳо чи тавр ва бо кадом шакл сурат мегиранд.

11 апрели соли 2013 вазири пешини маориф ва илми Қирғизистон Канат Садиқов бо имзои як фармон ҷамъоварии маблағҳои беасос дар макотиби ин кишварро манъ карда буд.

Лентаи хабарҳо
0