Душанбе, 20 окт — Sputnik. Ҳукумати шаҳри Душанбе тасмим гирифтааст то охирҳои моҳи ноябр дар қаламрави ноҳияи Синои пойтахт боз як ноҳияи нав таъсис диҳад, иттилоъ доданд ба Sputnik аз шаҳрдорӣ.
Қарори мазкур тибқи моддаи 11 Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурӣ" ва моддаҳои 19 ва 20 Қонун «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва бо мақсади иҷрои амри раисҷумҳур аз 11 июли соли 2015 "Дар бораи Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030" ба имзо расонида шудааст.
Тибқи қарори раиси шаҳр Комиссияи кории шаҳрдорӣ таҳти роҳбарии Ашурбег Расулов, муовини аввали раиси шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст. Комиссияи мазкур вазифадор гардидааст, ки то 28 ноябри соли 2015 ҷиҳати таъсис додани ноҳияи нав дар ҳайати шаҳри Душанбе аз ҳисоби маҳдуд кардани ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт таҳлили амиқи сохторӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҳудудӣ гузаронад.
Ҳамзамон, Комиссия муваззаф шудааст, ки тасвири сарҳад ва нақшаи шаҳрро бо тарҳи сарҳади ноҳияи таъсисшаванда дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута ва мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ омода ва ба Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе пешниҳод намояд.
Айни замон пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз чор ноҳия, Исмоили Сомонӣ, Сино, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ иборат буда, ноҳияи Сино бузургтарин минтақаи пойтахт маҳсуб мешавад.