Эмомалӣ Раҳмон пас аз Айниву Панҷакент ба Истаравшану Ғончӣ рафт

© Пресс-служба президента ТаджикистанаСафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд. Боздиди президент аз Ғончиву Истаравшан. 19 октябри соли 2015
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд. Боздиди президент аз Ғончиву Истаравшан. 19 октябри соли 2015 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Cафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншоотoҳо дар ҳоли ҳозир идома дорад.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд барои афсарони қушунҳои сарҳадии кишвар ду бинои дуошёнаи истиқоматӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз вилояти Суғд идома дорад

Ин ду бино дар деҳаи Қалъачаи Азими ҷамоати деҳоти Ғазантараки Ғончӣ барои афсарони дидбонгоҳи сарҳадии рақами 2042 дар асоси супориши ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби шӯъбаи минтақавии Бонки миллии кишвар дар шаҳри Хуҷанд сохта шудааст.

"Биноҳои истиқоматӣ бо маблағи 9,6 миллион сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шуда, дар онҳо 24 оилаи афсарони қисми низомӣ бо манзили зист таъмин гардиданд", — афзудааст, манбаъ.

Қабл аз ин бо ҳузури раисҷумҳури кишвар дар ноҳияи Ғончӣ корҳои обёрикунии 12 ҳазор гектар заминҳои лалмӣ ва чарогоҳ оғоз гардида, ба навиштаи дафтари матбуотии президент, лоиҳаи обёрикунии ин заминҳо аз тарафи филиали корхонаи воҳиди давлатии институти лоиҳакашии "Тоҷикгипроводхоз" омода шуда, дар навбати аввал бо маблағгузории 15 миллион сомонӣ аз буҷаи ҳукумати вилояти Суғд ва хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ғончӣ соли 2016 оғоз хоҳад шуд.

Рухдодҳои ҳафта: Agrofood-2015 ва ифтитоҳи роҳи Айнӣ-Панҷакент

"Дар ду марҳила ҳамагӣ ба маблағи 67 миллион сомонӣ 12 ҳазор гектар заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳи ҷамоати деҳоти Ростровут, Ваҳдат, Муҷун, Яхтан, Ғазантарак ва шаҳраки Ғончии ноҳияи Ғончӣ обёрӣ карда шуда, аҳолии шаҳраки деҳоти Ғончӣ, Даҳқат, Хишекат, Қалъаи Дӯст, Қалъаи Мирзобой, Чӯянчӣ, Нуробод, дар маҷмуъ 110 ҳазор нафар бо оби нӯшокӣ таъмин шуда, ҳамзамон дар доираи ин лоиҳа 12 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мешаванд", — навиштааст, манбаъ.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни ин сафараш аз бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд аз шаҳри Истаравшан ҳам боздид кард. Ин боздиди раисҷумҳури кишвар бо гузоштани санги асос ва кушодани хатти обрасонӣ дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки нави Баҳористон барои 35 ҳазор нафар сокини Истаравшан ва Ғончӣ оғоз шуд.

Нақшаи генералии шаҳраки Баҳористон аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии "Лоиҳакаш"-и шаҳри Истаравшан таҳия гардида, тавассути шӯрои шаҳрсозии Агентии меъморӣ ва сохтмони кишвар қабул шудааст ва дар ин шаҳрак 3630 оила барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, катеҷҳо ва биноҳои баландошёна бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин шудааст.

Тибқи нақша бояд дар ин шаҳрак 1 беморхона, 2 дармонгоҳ, 4 мактаб, 3 варзишгоҳ, 2 ҳаммом, бозор, истгоҳи нақлиёти мусофиркаш, дар майдони 3 га боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 3 боғчаи бачагона, 70 хонаи баландошёна, 98 коттеҷ бунёд карда шавад, ки дар табақаи аввали биноҳи баландошёна нуқтаҳои хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Боздиди кории Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Кӯлоб

Субҳи 19 октябр расиҷумҳури Тоҷикистон ба ноҳияи Шаҳристон ҳам сафар карда, бо иштироки ӯ Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии кишвар дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ шуд. Ин марказ барои ба таълиму фароғат фаро гирифтани 500 нафар пешбинӣ шудааст.

"Маркази таълимӣ-фароғатӣ барои омодабошӣ, машқу машғулиятҳои низомию махсус ва табобату тавонбахшии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар масоҳати 12 гектар бунёд ёфта, дар он майдончаҳои варзишӣ барои футбол, волейбол, баскетбол, ҳаммом, ҳавзҳои шиноварӣ ва анбор бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз, инчунин 8 бинои таълимии дуошёна, маҷлисгоҳ, ошхона бо 150 ҷойи нишаст, меҳмонхона, амфитеатри тобистона, машқгоҳи саҳроӣ ва ҷойи тирпарронӣ мавҷуд аст", — менависад, сомонаи президент.

Маркази таълимӣ — фароғатии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо харҷи беш аз 4 миллион сомонӣ маблағҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ бунёд шудааст.

Бояд гуфт, сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд дар ҳоли ҳозир идома дорад. Раисҷумҳур ба хотири шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ озими вилояти Суғд шудааст.

Лентаи хабарҳо
0