Дар Остона баррасии 17 масъалаи “доғ” дар назар аст

Обуна шудан
Сарони давлатҳои аъзои ИДМ дар Остона масоили мубрами рӯз, аз ҷумла, муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёнаро баррасӣ хоҳанд кард.

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои ширкат дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба Остона, пойтахти Қазоқистон сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт оқои Раҳмонро раиси палатаи болоии парлумони кишвар Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров, нахуствазир Қоҳир Расулзода, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Бахтиёр Худоёрзода ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Президентро дар ин сафар Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, ёрдамчии раисҷумҳур оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Эркинхон Раҳматуллозода, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода ва афроди баландпояи ҳукумат ҳамроҳӣ мекунанд.

Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳур, дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои узви ИДМ, ки имрӯз, 16 октябр баргузор мешавад, масоили тавсеъаи ҳамкориҳо дар чорчӯби ин созмон ва мавзӯҳои марбути авзоъи байналмилалию минтақавӣ баррасӣ шавад.

Гуфтанист, дар ин ҷаласа 17 масъала, аз ҷумла, муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ, вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ва Ховари Миёна матраҳ хоҳад шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0