Неруҳои милли Афғонистон дар як шабонарӯз 125 ҷангиро нобуд кардаанд

Операция по ликвидации боевиков движения Талибан. Архивное фото
Обуна шудан
Вазорати дифои Афғонистон иттилоъ медиҳад, ки боз 40 ҷангӣ захмӣ шуда, 1 нафари дигар боздошт шудааст.

ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Неруҳои ҳукуматии Афғонистон дар давоми як шабонарӯзи амалиёти худ на камтар аз 125 ҷангии ҷунбиши терористии Толибонро нобуд кардаанд, — омадааст, дар иттилоияи рӯзи чаҳоршанбеи Вазорати дифои ин кишвар.

Амалиётҳои низомӣ дар вилоятҳои Ғазнӣ, Қандаҳор, Урузгон, Тахор, Бадахшон, Ҳилманд, Қундуз, Фараҳ, Зобул ва Пактиёи Афғонистон гузаронида шудааст.

"Дар натиҷаи амалиётҳо 125 ҷангӣ кушта шуда, боз 40 нафари дигар захмӣ ва як тан аз сӯи неруҳои амниятии Афғонистон боздошт гардидааст", — афзудааст, манбаъ.

Дар мавриди талафоти худи неруҳои ҳукуматии Афғонистон чизе гуфта нашудааст.

Дар қаламрави Афғонистон гуруҳи террористии Толибон фаъолият мекунад, ки пайваста ҷангиёни он бо неруҳои давлатӣ вориди даргиранд. Дар бештари қурбониёни ин даргириҳо сокинони осоишта мебошанд.

Лентаи хабарҳо
0