ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Бозии шоми 13 октябри дастаҳои мунтахаби миллии футболи Урдун ва Тоҷикистон бо пирӯзии мизбонон ва ҳисоби 3:0 анҷом ёфт.
Ин бозии даври 6-уми сабқати интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2018 дар гурӯҳи "В" миёни дастаҳои мунтахаби миллии футболи Урдун ва Тоҷикистон дар варзишгоҳи марказии пойтахти Урдун — шаҳри Уммон — баргузор шуд.
Ҳар се гол аз ҷониби варзишкорони урдунӣ дар нимаи дуюми бозӣ ба дарвозаи тими мунтахаби Тоҷикистон ворид карда шуд. Ҳамза Ал-Дарадреҳ дар дақиқаи 65-ум ҳисобро боз карда, баъд аз ду дақиқа голи дуюмӣ тавассути Ҳасан Абдулфаттоҳ ба дарвозаи меҳмонон ворид гардид.
Дар ин бозӣ ду футболбози тоҷик, ҳимоятгар Фарҳод Восиев ("Газовик", Оренбург, Русия), ки дар бозӣ бо мунтахаби Қирғизистон корти сурх гирифта буд ва нимҳимоятгар Нуриддин Давронов ("Истиқлол", Душанбе), ки дар шаҳри Бишкек лат хурда буд, дар бозӣ иштирок надоштанд.