Алмаз-Антей: MH17 бо мушаке сарнагун шуд, ки артиши Русия онро надорад

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкКорҳо дар макони суқути ҳавопаймои Boeing 777. Акс аз бойгонӣ
Корҳо дар макони суқути ҳавопаймои Boeing 777. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тафтишоти гузаронидаи "Алмаз-Антей" ҳокӣ аз он аст, ки ҳавопаймои “Boeing”-и Молайзия тавассути мушаки 9М38 аз маҷмуаи "Бук" зада шудааст. Истеҳсоли ин навъи мушакҳо ҳанӯз дар давраи шӯравӣ соли 1986 хотима ёфта буд.

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Мушаке, ки эҳтимол дорад, ҳавопаймои "Boeing"-и Молайзия дар фазои Украина ҳадафи он қарор гирифт, ҳанӯз соли 2011 аз қувваҳои мусаллаҳи Русия ин навъи мушакҳо гирифта шуда буд, — гуфтааст, рӯзи сешанбе мудири кулли ширкатҳои давлатии Алмаз-Антей Ян Новиков.

"Мо исбот кардем, мушаки зиддиҳавоие, ки бо он ҳавопаймои "Boeing" дар фазои Укранина зада шудааст, метавонад, мушаки 9М38 аз маҷмуаи "Бук" бошад. Бори ахир ин гуна мушак дар давраи шӯравӣ соли 1986 истеҳсол шудааст", — изҳор доштааст, Новиков зимни як нишасти хабарии вижа.

Ба гуфтаи ӯ, муҳлати ниҳоии истифодабарии мушаки 9М38 25 сол нишон дода шудааст ва бо гузашти ин замон ҳамаи онҳо аз қувваҳои мусаллаҳи Русия гирифта шудаанд.

"Имрӯз бидуни шубҳа гуфта метавонем, ки агар ҳавопаймо мавриди ҳадафи мушаки замин-ба-ҳавои БУК қарор гирифтааст, пас ин маънои онро дорад, ки он бо мушаки 9М38  зада шудааст", — афзудааст, ӯ.

Ҳавопаймои мусофирбари Boeing-777-и ширкати ҳавоии Malaysia Airlines, ки аз Амстердам ба Куала-Лумпур бо хатсайри МН17 парвоз мекард, 17 июли соли гузашта дар фазои вилояти Донетск суқут кард. Киев дар суқути ин ҳавопаймо ҷудоихоҳонро муттаҳам кард, вале онҳо изҳор доштанд, ки аслиҳае, ки тавонад ҳавопайморо дар ин баландӣ бизанад, дар ихтиёр надоранд. Натиҷаи таҳқиқоти ниҳоии шӯрои амнияти Голландия дар бораи авомили суқути ин ҳавопаймо дар нимаи аввали моҳи октябри соли 2015 мунташир хоҳад шуд.

 

 

Лентаи хабарҳо
0