ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе маросими кушодашавии "Биржаи фондии Осиёи Марказӣ" баргузор шуд, иброз дошт аснои сӯҳбат бо Sputnik ёвари Раиси кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии ҶТ Садриддин Ширинбеков.
Номбурда афзуд, ин биржа бо харҷи 35 миллион сомонӣ таъсис ёфта, дар маросими ифтитоҳи расмии он Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири кишвар иштирок ва суханронӣ дошт.
Ба қавли манбаъ, дар биржаи тозатаъсис имкони харидуфурӯши саҳмияҳои ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ вуҷуд дорад.
Дар ҳоли ҳозир номнависии ширкатҳо идома дошта, баъд аз номнависӣ ё ба истилоҳ"листинг" саҳмияҳои ширкатҳо барои харидуфурӯш имконпазир мешаванд.
Муовини аввали нахуствазир дар ҳамоиши ифтитоҳӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои рушди бозори қоғазҳои қимматнок харидуфурӯши саҳмияҳоро ба муддати 5 сол аз андоз озод кардааст.
"Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доранд, ки аз ин биржа саҳмияҳои ширкати "Сбербанк", "Катарпилар", Барклайс"-и Бритония ва "Газпром"-и Русияро харидорӣ намоянд",- қайд кард Ширинбеков.
Биржаи фондии Осиёи Марказӣ дар ошёнаи сеюми бинои "Душанбе-Плаза" ҷойгир шудааст.