Тазоҳуроти Кишинёв: ҳаракат дар маркази шаҳр дубора барқарор шуд

© Sputnik / Руслан Шалапуда / Гузариш ба медиабонкТазощурот дар Кишинёв
Тазощурот дар Кишинёв - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ҳоли ҳозир равуои мошинҳо дар қисмати марказии пойтахт аз сар гирифта шуда, раҳбари “Ҳизби мо” Ренато Усатий аз сокинони Кишинёв, ки субҳ бо мушкил ба коргоҳҳои худ расиданд, узр хост.

ДУШАНБЕ, 12 окт — Sputnik. Эътирозгарони маркази Кишинев дубора ба ҳаракати мошинҳо иҷоза дода, аммо мегӯянд, аз иқдомҳои дигари эътирозӣ кор хоҳанд гирифт, менависад Sputnik Молдова.

Субҳи панҷшанбе эътирозгарон бо гузоштани садҳо мошини худ дар хиёбони Стефана Великого, ки дар наздикии шаҳраки хаймаҳо аст, аз мақомот иҷрои дархости мухолифин дар мавриди истеъфои раисҷумҳури Молдова Николай Тимофтиро талаб карданд.

Дар ҳоли ҳозир мошинҳо аз бахши рафтуои хиёбони марказӣ, ки субҳ гузошта шуда буданд, гирифта шудаанд. Раиси "Ҳизби мо" Ренато Усатий аз сокинони Кишинёв, ки субҳ бо мушкил ба коргоҳҳҳои хеш расиданд, узр хост.

Дар пайи ин Ренато Усатий гуфт, рӯзи панҷшанбе дар рӯбарӯи бинои парлумони Молдова гирдиҳамоии эътирозии густурдае баргузор хоҳад шуд. "Мардум ақибнишинӣ нахоҳанд кард, ин ҳукумат аст, ки бояд истеъфо биравад", — таъкид кард ӯ.

Чапгароҳо тасмим доранд, рӯзи панҷшанбе бо масдуд кардани даромадгоҳҳои бинои парлумон аз вакилони ин кишвар иҷрои дархости мухолифинро хостор шаванд.

Неруҳои мухолифин — Ҳизби сосиалистии Игор Дододон ва "Ҳизби мо"-и Ренато Усатий аз рӯзи 27 сентябр ба ин сӯ дар Молдова даст ба тазоҳурот задаанд. Чапгароҳо хостори ба истеъфо рафтани мансабдорони давлатӣ бо шумули нахуствазир Валерий Стрелтс ва раисҷумҳури Молдова Николай Тимофти шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0