Неруҳои ҳавоии Ироқ: раҳбари ДИИШ-ро маҷруҳ кардем

© AP / Militant videoАбубакр Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ.
Абубакр Бағдодӣ. Акс аз бойгонӣ. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Неруҳои ҳавоии Ироқ рӯзи якшанбе корвони мошинҳои Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии маъруф ба ДИИШ-ро, ки ба яке аз ҷаласаҳои фармондеҳони ин созмон мерафт, дар вилояти ғарбии Анбори ин кишвар мавриди ҳадафи мушакҳои худ қарор додаанд.

Душанбе, 12 окт — Sputnik. Раҳбари ДИИШ Абубакр Бағдодӣ дар пайи ҳамла ба корвони мошинҳояш захм бардошта, ду фармондеҳи дигари ин созмони террористӣ нобуд карда шудааст, иброз доштанд масъулини фармондеҳии Ироқ рӯзи якшанбе.

Неруҳои ҳавоии Ироқ рӯзи якшанбе корвони мошинҳои Абубакр Бағдодӣ, раҳбари созмони террористии маъруф ба ДИИШ-ро, ки ба яке аз ҷаласаҳои фармондеҳони ин созмон мерафт, дар вилояти Анбор, дар ғарби ин кишвар мавриди ҳадафи мушакҳои худ қарор додаанд.

Баъдан хабаргузории Рейтер бо истинод ба сокинони маҳаллию кормадони хадамоти тиббӣ хабар дод, ки миёни фармондеҳони кушташудаи ДИИШ Абубакр Бағдодӣ нест.

"Абубакр Бағдодӣ дар пайи ҳамла ба корвони мошинҳояш захм бардоштааст. Инчунин ду фармондеҳи дигари ин созмон, Умар Кубайсӣ — масъули бахши молиёти шаҳри Абукамол ва Абусаид Карбало — ҳамоҳангсози амниятӣ ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои раҳбарони ДИИШ, ки бо Абубакр Бағдодӣ буданд, кушта шуданд", —афзудааст, манбаъ.

Лентаи хабарҳо
0