Душанбе, 12 окт — Sputnik. Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Белорус Александр Лукашенко, президенти феълии ин кишвар бо касби 83,49 дарсади овозҳо баранда шуд, иброз дошт намояндаи КМИ Лидия Ермошина.
"Дар маҷмӯъ Александр Лукашенко 83,49%-и райъи интихобкунандагонро дар кишвар соҳиб шуд",- афзуд Ермошина.
Натиҷаи аз ҳама беҳтарро президенти феълӣ дар ин овздиҳӣ дар вилояти Могилёв ба даст овардааст. Дар ин минтақа 88,29 дарсади райъдиҳандагон аз Лукашенко ҷонибдорӣ кардаанд. Дар Минск бошад, натиҷаи аз ҳама паст ба қайд гирифта шуд, дар пойтахти кишвар 65,58%-и интихобкунандагон овозҳои худро ба Лукашенко додаанд. Натиҷаи интихоботи феълӣ дар қиёс ба чаҳор интихоботи баргузоршуда барои раисҷумҳур аз ҳама беҳтар эълом шудааст. Соли 1994 ӯ 80,4%, соли 2001-75,65 дарсад, 2006- 83,0% ва дар соли 2010-ум 79,65 фоизи ори мардумро ба даст оварда буд.
Ба қавли бону Ермошина рақибони президенти феълӣ Татяна Короткевич, раҳбари созмони ҷамъиятии "Рост бигӯ" (Говори правду), Сергей Гайдукевич, раиси Ҳизби либерал-демократ ва Николай Улахович, раҳбари Ҳизби ватанпарасти Белорус мутаносибан 4,42, 3,32 ва 1,67 дарсади овозҳоро ба даст овардаанд. Ба муқобили ҳама 6,4 дарсади интихобкунандагон овоз додаанд.
Ҳамин тавр, Александ Лукашенкои 61-сола барои бори панҷум раиси ҷумҳури Белорус интихоб шуд. Ӯ дар соли 1994 дар даври дуюми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ баранда шуда ва дар соли 1996 аз тариқи ҳамапурсӣ муддати раёсати ҷумҳурии худро то соли 2001 тамдид карда буд.