https://sputnik.tj/20151009/1017057431.html
Бозии футболи Қирғизистону Тоҷикистон: лаҳзаҳои беҳтарини сабқат
Бозии футболи Қирғизистону Тоҷикистон: лаҳзаҳои беҳтарини сабқат
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин гузориши аксии мо лаҳзаҳои нотакрор ва беҳтарини бозии тимҳои мунтахаби футболи Қирғизистону Тоҷикистонро дида метавонед. Ин сабқат бо ҳисоби 2:2 анҷом... 09.10.2015, Sputnik Тоҷикистон
2015-10-09T16:00+0500
2015-10-09T16:00+0500
2015-10-12T22:11+0500
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101705/59/1017055926_0:0:0:0_1920x0_80_0_0_bbda34dde49071eaa04a1c5196287bbc.jpg
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2015
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, осиёи марказӣ, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо
акс, дар тоҷикистон, навигариҳои варзиши тоҷикистон, осиёи марказӣ, дар ҷаҳон, ҳамаи хабарҳо
Бозии футболи Қирғизистону Тоҷикистон: лаҳзаҳои беҳтарини сабқат
16:00 09.10.2015 (Навсозишуда: 22:11 12.10.2015) Дар ин гузориши аксии мо лаҳзаҳои нотакрор ва беҳтарини бозии тимҳои мунтахаби футболи Қирғизистону Тоҷикистонро дида метавонед. Ин сабқат бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Тӯби нахустинро бозигари тими Қирғизистон Бахтиёр Дуйшобеков дар дақиқаи 7-ум вориди дарвозаи Тоҷикистон кард.
Пас аз танаффус, футболбозони тоҷик ба дарвозаи соҳибони майдон ду гол заданд. Ҳамин тавр, дар дақиқаи 71-уми бозӣ ҳисоб 2:1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон буд. Аммо дар дақиқаҳои иловагӣ (98-ум) футболбози қирғиз Земленухин аз зарбаи ҷаримавии ёздаҳметра тӯбро вориди дарвозаи Тоҷикистон кард.
Мунтахаби Тоҷикистон қабл аз оғози бозӣ.

Мухлисони тими яккачини Қирғизистон ба бозӣ омодагии вижа диданд.

Соҳибони майдон ба ҳуҷум мегузаранд.

Аммо футболбозони тоҷик хатти ҳимояро тақвият бахшиданд.

Ҳатто ҳаёҳу ва садои баланди мухлисон ба тими Қирғизистон кумак накард, ки бозиро баранд.

Нуриддин Давронов, яке аз бозигарони асосии тими Тоҷикистон дар бозӣ лат хӯрда, дар сабқат дигар ширкат карда натавонист.

Боз як ҳамлаи қирғизҳо бартараф карда шуд.

Бозии футбол маҳорати вижаро талаб мекунад, то дар сабқат пирӯз шавӣ.

Дар ин бозӣ ба бозигарони тоҷик 3 корти огоҳӣ дода шуд, ба Қирғизистон ҳамагӣ 1-то.

Талош барои соҳиб шудан ба тӯб.

Дастаи Тоҷикистон имконияти пирӯз шуданро дошт, аммо дар дақиқаи иловагии 98-ум қирғизҳо ҳисобро баробар карданд. Эҳҳҳ...

Қирғизҳо баъд аз мусовӣ бо дастаи Тоҷикистон бо 5 хол дар зинаи сеюм ва тими Тоҷикистон акнун ду хол дорад ва дар мавқеъи чаҳоруми ҷадвал аст.