Рӯшноӣ дар охири нақб: бунёди “Истиқлол” ним соли дигар идома мекунад

Обуна шудан
Газҳои гулхонаӣ, мавҷуд набудани низоми тозакунии ҳаво, адами рӯшанӣ- “ҳамсафар”-и ронандаҳое мебошанд, ки аз нақби “Истиқлол” (дарозиаш 5,2 км) убур мекунанд.

Ин нақб аз моҳи июл то моҳи сентябри соли равон ба далели идомаи умури бозсозӣ баста буд. Ҳарчанд Вазорати нақлиёти Тоҷикистон аз хотима ёфтани корҳои сохтмонӣ ва дубора боз шудани ин нақб 25 сентябр хабар дод, вале корҳои бозсозӣ дар он ҳанӯз идома дорад.

Сохтмончиён иқрор мекунанд, ки барои онҳо ба хотири гузаронидани корҳои бозсозӣ хеле вақти кутоҳ дода шуда буд. Ҳоло ба гуфтаи онҳо, таъмир то ним соли дигар идома меёбад.

Нақб соли 2006 расман мавриди истифода қарор гирифт. Ҳарчанд корҳои сохтмонии он ба поён нарасида буд.

Лентаи хабарҳо
0