ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба тамошои бозии хоккей рафтааст, ки дар шаҳри Сочӣ баргузор шуда, зимни он ҳамтои руси ӯ Владимир Путин рӯйи ях баромад. Раисҷумҳури Русия бо ин навъ зодрӯзи худро қайд кард.
Тибқи аксҳои нашршуда ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон ёрдамчии ӯ дар масоили робитаҳои хориҷӣ Эркин Раҳматуллзода ва котиби матбуоташ — Абдуфаттоҳ Шарифзода ҳам бозии хоккейи Валадимир Путинро тамошо кардаанд.
Ин ин бозӣ дар рӯзи мавлуди Владимир Путин, 7 октябр дар қасри бузурги хоккейи Сочи баргузор шуд. Шояд далели хотима ёфтани бозӣ ҳам бо ҳисоби 15-10 ба манфиати дастаи раисҷумҳури Русия ин бошад.
Раисҷумҳури Русия 7 октябри соли равон, дақиқтараш ҳамагӣ ду рӯз баъд аз мавлуди Эмомалӣ Раҳмон ба синни 63-солагӣ қадам ниҳод. Дар робита донишомӯзони Федератсияи ҳунарҳои ҷангии вилояти Суғд Валадимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмонро бо рӯзи таваллудашон табрик гуфтанд.
Ин 14 варзишгари тоҷик ба баландтарин нуқтаи кӯҳ, воқеъ дар канори рости Сирдарё- кӯҳи Муғул ба қуллаи Музбек, ки дар баландии 1624 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад, баромада, ду раисҷумҳурро бо ҷашни зодрӯз ва қадам ниҳоданашон ба синни 63-солагӣ табрик гуфтаанд.