Боз як ҷашни арӯсӣ дар Яман бомборон шуд: 15 кас ба ҳалокат расид

© AP / Hani MohammedҶустуҷӯи зиндаҳо аз зери харобот дар Яман. Акс аз бойгонӣ
Ҷустуҷӯи зиндаҳо аз зери харобот дар Яман. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Қаблан як чунин ҳодиса дар Яман ба қайд расида буд. Эътилофи низомӣ ба шаҳрвандони осоишта ҳамла карда, онҳоро бомбаборон кард. Аснои як амалиёти ҳавопаймоҳои эътилоф дар охири моҳи сентябр 130 нафар, ки дар маросими ҷашни арӯсӣ ҳузур доштанд, қурбон гардиданд.

ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Дар минтақаи Дамари давлати Яман ҳавопаймоҳои эътилоф таҳти сарварии Арабистони Саудӣ ҷашни арӯсиеро мавриди ҳамла қарор доданд, ки аснои он 15 нафар қурбон шуд, менависад РИА Новости бо истинод ба оҷонсии Ассошиэйтед Пресс.

Ҳамчунин, дар бораи захмдор шудани 25 нафар хабар расидааст. Ҳамлаи ҳавоӣ дар 113 километрии ҷанубу шарқи пойтахти кишвар- шаҳри Санъо сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, ин дафъа маросими хурсандии мухолифини ҳукумат, ҳузиҳо ҳадафи ҳамлаи ҳавопаймоҳои эътилоф гардидааст.

Эътилоф то ҳанӯз ҳодисаро шарҳ надодааст

Охири моҳи сентябр ҷангандаҳои ҳавоии эътилофи арабӣ ба ҷониби хаймаҳои наварӯсон дар маҳаллаи ал-Ваҳгаи шаҳри Моҳа, воқеъ дар соҳили баҳри Сурх мушак партоб карданд, дар пайи он даҳҳо нафар ҳалоку теъдоди аз одамон ҷароҳат бардоштанд.

Теъдоди кушташудагон дар он ҳамла 130 нафар арзёбӣ мегардид.

26 марти соли равон дар Яман амалиёти байналмилалии низомӣ шурӯъ гардид, ки дар он кишварҳои минтақа аз қабили Арабистони Саудӣ, Кувайт, Баҳрайн, АМА ва Қатар ширкат доранд. Амалиёт баъд аз пахши изҳороти Шӯрои ҳамкории давлатҳои Халиҷи Форс ва дархости президенти Яман Абд Раббу Мансур Ҳодӣ оғоз ёфта буд.   

Лентаи хабарҳо
0