Сочӣ: Раҳмону Путин масоили муҳоҷират ва марзро баррасӣ карданд

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкЭмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҳамоиши сарони СҲШ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар ҳамоиши сарони СҲШ дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон таъкид кард, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад.

Душанбе, 7 окт — Sputnik. Шоми сешанбеи 6 октябр раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сочӣ бо президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот кард, иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии сарвари давлат.

Дар нишаст масоили вобаста ба вазъи минтақа ва рушди муносибатҳои дӯстӣ, инчунин тавсеъаи ҳамкориҳо дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардид.

Президенти Русия Владимир Путин ҳамтои тоҷикашро ба шаҳри Сочи хайра мақдам гуфта, ба савия ва муҳтавои робитаҳои ду кишвар, ки ба муносибатҳои стратегӣ ва муттафиқӣ асос ёфтаанд, баҳои баланд дод.

Терминали нави ФБД. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон озими Сочии Русия шуд

«Мо ба сатҳи муносиботи байнидавлатӣ бо Русия баҳои баланд медиҳем ва аз тамоми имконот истифода мебарем, ки шарикии стратегӣ ва муттафиқии мо бемайлон рушд намуда, бо такя ба таҷрибаи ҳамгироии андӯхтаамон таҳким ёбад»,- иброз дошт Раҳмон аснои сӯҳбат.

Ҳамзамон, президенти Тоҷикистон таъкид кардааст, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳон ва минтақаи мо ҳамгироии самарабахшро тақозо мекунад.

Ба иттилоъи манбаъ, дар робита ба ин, доир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи низомиву техникӣ ва роҳҳои пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Ҳамчунин доир ба густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва роҳҳои содда намудани шароити кору зиндагии муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар қаламрави Русия мубодилаи афкор сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0