ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Сафири Русия дар шаҳри Анқара Андрей Карлов дар робита ба ин ҳодиса дубора ба Вазорати умури хориҷии Туркия эҳзор шудааст, менависад, РИА Новости бо истинод ба масъулини Вазорати корҳои хориҷии Туркия.
НАТО тасдиқ мекунад, ки ҳавопаймоҳои низомии Су-30 ва Су-24-и Русия бо вуҷуди ҳушдорҳои мақомоти Туркия ҳарими ҳавомии ин кишварро нақз кардаанд
Вазорати мудофиаи Русия рӯзи душанбе гуфт, 3 октябр ҳавопаймои Су-30-и ин кишвар парвози кутоҳеро дар фазои Туркия анҷом додааст ва ин ҳодиса ҳам дар пайи номусоидии боду ҳаво сурат гирифтааст.
Сурат гирифтани ин гуна ҳодисае дар рӯзи 4 октябр ҳанӯз аз сӯи мақомоти Русия расман тасдиқ нашудааст.
"4 октябр бори дигар ҳарими ҳавоии Туркия аз сӯи ҳавопаймоҳои низомии Русия нақз шудааст ва дар робита ба ин сафири ин кишвар дар Анқара дубора ба Вазорати корҳои хориҷии Туркия эҳзор гардид. Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Туркия Аҳмад Мухтор Гюн дар суҳбат бо дипломати рус қотеона хостори ҷилавгирӣ аз рух додани ин гуна ҳодисаҳо дар оянда шудааст", — афзудааст, хабаргузорӣ