Дар Тоҷикистон 760 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкИстихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ
Истихроҷи ангишт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 5 то 7,5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешавад.

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Аз аввали соли равон то ҳол дар Тоҷикистон 760 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 159 ҳазор тонна зиёд аст, иброз доштанд дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави кишвар.

Тибқи иттилои Вазорати санота ва технологияҳои нави Тоҷикистон, аз аввали соли равон то 5 октябр дар ҷумҳурӣ 653 ҳазор тонна фурӯхта шудааст.

"Захираи ангишт бо назардошти бақияи ангишти соли сипаригардида дар анбор ва нуқтаҳои фурӯши корхонаҳои соҳаи ангишт то санаи 5 октябр 200 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад", — афзудааст, манбаъ.

Тибқи иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна дар як шабонарӯз аз 5 то 7,5 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешавад.

Ин ниҳод номи корхонаҳои аслии истихроҷкунандаи ангишт дар кишварро ҳам зикр кардааст, ки миёни онҳо номи "Фон-Яғноб", "Зиддӣ", "Назар-Айлоқ", "Шӯроб" ва "Сайёд" ҳам ҳаст.

Лентаи хабарҳо
0