Хуҷанд: ҷодаҳои шаҳр таҷдид мешаванд

© Sputnik / Виталий Аньков / Гузариш ба медиабонкТаъмири шоҳроҳ. Акс аз бойгонӣ
Таъмири шоҳроҳ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳҳои маркази вилояти Суғд то охири соли равон пурра таъмиру таҷдид мешаванд

ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Дар шаҳру навоҳии шимоли Тоҷикистон иҷрои барномаи вилоятии «Соли 2015  идомаи соли роҳҳои обод» идома дорад, иттилоъ доданд ба Sputnik дар ҳукумати вилояти Суғд.

Ба қавли манбаъ, бештар аз ҳама таъмиру тармим, барқарорсозӣ ва таҷдиди ҷодаҳо дар маркази устон- шаҳри Хуҷанд назаррас аст.

Тибқи маълумоти идораи роҳсозии вилоят то 1 октябр дар қаламрави шаҳр дар асоси нақша аз 57 км роҳи таъмиршаванда, ҳоло 42 километри он таъмир шуда, аз он 13 км комилан мумфарш ва  29 км аз таъмири ҷорӣ бароварда шудаанд.

Гуфтанист, дар маҷмӯъ, дар шаҳри Хуҷанд аз аввали сол то имрӯз дар 100 кӯчаву роҳҳои мошингард умури таъмиру барқарорсозӣ гузаронида шудааст.   

Лентаи хабарҳо
0