ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо даъвати Донишкадаи об, муҳити зист ва тандурустии Донишгоҳи СММ сафари кориеро ба Канада анҷом дод, навиштааст, сомонаи ВКХ.
"Дар чаҳорчӯби боздид аз Донишгоҳи СММ дар шаҳри Торонто дар рафти маросими махсус ба Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ҷоизаи "Water Catalyst Award" супурда шуд", — афзудааст манбаъ.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКХ ҷоизаи мазкур аз ҷониби Донишгоҳи СММ таъсис дода шуда, ҳамасола ба ходимони намоёни сиёсӣ ва илмӣ, ки дар пешрафти масъалаҳои ҷаҳонии об нақши арзанда гузоштаанд, супорида мешавад.
Дар маросими тақдими ин ҷоиза, намояндагони ҷомеаи илмӣ, коршиносон ва ҳамчунин корпуси дипломатӣ ширкат доштаанд.
"Баъд аз супурдани ҷоиза Сироҷидин Аслов ибтикороти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи об ба ҳозирин муаррифӣ намуд", — илова кардааст, сомонаи ВКХ.
Сироҷиддин Аслов дар баромади худ аҳли толорро бо натиҷаҳои ниҳоии даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои ҳаёт", 2005-2015 шинос карда, ташаббуси Тоҷикистонро доир ба эълон кардани даҳсолаи нави байналмилалӣ зери шиори "Об барои рушди устувор" пешниҳод намуд.