"Тоҷик" бо намоиши усули хосаи худ дар сабқати Ҷакарта ғолиб омад

Обуна шудан
Муин Ғафуров бо тахаллуси "Тоҷик" усули хосаи худро, ки лоу кик (зарба аз паҳлӯ ба поёни пойҳо) дар сабқати ҷаҳонии Ҷакарта ба намоиш гузошта, пирӯзии мутлақ ба даст овард.

Муин Ғафуров бо лақаби "Тоҷик" усули хосаи худро, ки лоу кик (зарба аз паҳлӯ ба поёни пойҳо) дар сабқати ҷаҳонии Ҷакарта ба намоиш гузошта, дар ин қувваозмоӣ пирӯзии мутлақ ба даст овард.

Чанде қабл ин варзишгари маъруфи тоҷик бо ташкилоти осиёии ONE Fighting Championship Team шартнома ба имзо расонида, дар нахустин сабқаташ бо Кейси Суайр (Casey Suire)-и амрикоӣ дастболо шуд.

Зарбаи сахти Муин ба пойҳои файтери амрикоӣ рақибашро аз пой афтонд.

Муин Ғафуров варзишгари ҷавон ва серҷоизатарин миёни варзишкорони ИДМ эътироф мешавад. Ӯ ҳамагӣ 19 сол дорад, аммо дар ин синну сол ба чандин мукофоту ҷоизаҳо сарфароз гардида, рақобатҳои сатҳи ҷаҳониро ба нафъи худ анҷом додааст. Муин қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбои ҳарбӣ (WCSF), қаҳрамон ҷаҳон оид ба  грепплинг (FILA), қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи MMA (WKA) мебошад. Вай ҳамчунин барандаи унвони Устоди варзиши самбои ҳарбӣ низ ҳаст.

Ду соли ахир барои варзишгари тоҷик Муин Ғафуров, ки бо тахаллуси "Tajik" баромад мекунад, хеле бобарор буд. Ӯ дар 7 сабқати касбӣ баромад карда, дар ҳамаи онҳо ғолиб баромадааст.

Лентаи хабарҳо
0